Сентябр 09, 2023 12:39 Asia/Dushanbe
  • Пардохти подош ба куҳнасарбозони тоҷики Ҷанги ҷаҳонии дувум

Русия барои куҳнасарбозони тоҷики Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ кумаки молӣ ирсол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Русия ҳарсола аз чунин ибтикоре ҳимоят ва ба куҳнасарбозон кумаки молӣ мекунад.
Дар маҷмӯъ аз оғози имсол то кунун ба 28 куҳнасарбози тоҷики Ҷанги ҷаҳонии дувум кумак шуд. Дар Тоҷикистон кумаку муроқибати ниҳодҳои давлатӣ ва умумӣ аз бозмондагони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ бавижа дар остонаи таътилоти рӯзи Истиқлол ба як амри оддӣ табдил шудааст .
Ҳудӯди 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги ҷаҳонии дувум ҷангиданд, ки аз ин теъдод 92 ҳазор нафар кушта ё нопадид шуданд.
Ба 65 нафар аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ, ба 15 нафар нишони Ифтихор ва ба 55 ҳазор нафари дигар ҷоизаҳову медалҳо супурда шуд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола дар 9 май ва 22 июн аз қаҳрамонони Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки дар соли 1941 дар ҷабҳа ҳузур доштанд, қадрдонӣ мешавад.
 

 

Барчасп