Декабр 28, 2016 15:58 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург гаравгон гирифта шуд

Афроди ношинос дар шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳамчун прораб кор мекардааст, гаравгон гирифтаанд.

Ба иттилои расонаҳои Санкт-Петербург, гаравгонгирҳо барои раҳоии прораби тоҷик 300 ҳазор рубл талаб карданд: “Ба мақомоти пулис модарарӯси прораб муроҷиат карда, арз доштааст, ки домодаш бояд ахиран маблағ мегирифт, то ба коргаронаш пешпардохт кунад. Вале шоми 27 декабр дигар ба зангҳои телефонӣ ҷавоб надод ва рақамҳояш паём расид, ки ӯро гаравгон гирифтаанд. Баъдан занг зада хабар додааст, ки ӯро дар беруни шаҳр нигоҳ медоранд ва барои раҳоияш 300 ҳазор рубл талаб доранд. Айни ҳол телефонаш хомӯш аст”.

Расонаҳои Русия навиштаад, гаравгонгирҳо бояд макони пардохти маблағро 28 декабр дақиқ мекарданд: “Ҳоло таҳқиқи моҷаро давом дорад”.