Сентябр 12, 2023 17:45 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе
    Баргузории ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе

Ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ҳамоиш 15 ширкати тавлидии маводи ғизоӣ, сохтмонӣ, нефт, кимёӣ, фановарии иттилоъот, дорусозии Қазоқистон ширкат доштанд.

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ростои тазмини бозори дохили ва содирот ва воридоти колоҳо ва хадамоти мухталиф дар чорчуби тавофуқоти дуҷониба талош мекунанд.

Ҳамчунин ишора шуд, ки ин ҳамоиш дар ростои густариши фурсатҳои тоҷирони Тоҷикистон ва Қазоқистон табодули таҷрубиёт ва густариши равобити байни бозорҳои ду кишвар ва ҳамчунин тақвияти рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аст.

Ширкаткунандагон ҳадафи аслии ин ҳамоишро эҷоди равобити мустақим ва фаъолсозии равобити тиҷорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон унвон карданд.

Ин дар ҳоли аст, ки дар соли 2022 гардиши коло байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 1.5 миллиард доллар буд, ки 263 миллион ё 22.2 дарсад бештар аз соли 2021 аст.

Барчасп