Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Осиёи марказӣ дар шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо ҳамтоёни қазоқ, қирғиз,узбек ва туркмани худ, ки ба манзури ширкат дар панҷумин нишасти машваратии сарони Осиёи марказӣ ва иҷлоси Шӯрои сарони кишварҳои муассиси сандӯқи байналмилалӣ барои « Наҷоти баҳри Арал » вориди Тоҷикистон шуданд, дидор кард.
Ба гузориши Форс, дар дидори Раҳмон бо Қосимжомарт Тақоев-раиси ҷумҳӯри Қазоқистон бахши васеъе аз мавзӯъоти марбут ба ҳампаймонӣ ва мушорикати роҳбурдии байни ду кишвар ва таъомулот дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт . Раҳмону Тақоев ҳамчунин дар робита ба мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов-раиси ҷумҳурии Қирғизистон низ бар аҳамияти панҷумин нишасти машваратии сарони Осиёи марказӣ таъкиду ибрози умедворӣ шуд, ки ин рӯйдод ба таври муассир ба тавсеаи равандҳои мусбати минтақаӣ кумак хоҳад кард.
Раҳмону Ҷабборов дар хусӯси заминаҳои густариши ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон,ки аз пайвандҳои дерини дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бархурдор мебошад, табодули назар ва аз идомаи гуфтугуҳои муназзами сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ҳимоят карданд. Тарафҳо ҳамчунин дар мавриди бархе аз масоили минтақаӣ ва байналмилалии мавриди алоқаи мутақобил баҳсу гуфтугу карданд.