Имзои 82 миллиондолларии қарордоди натиҷаи ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Қазоқистон
Сентябр 14, 2023 18:58 Asia/Dushanbe
Дар поёни ҳамоиши маҳфилҳои тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, байни ду тараф қарордодҳое ба арзиши беш аз 82 миллион доллар ба имзо расид.
Маҳфилҳои тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон дар поёни ҳамоиши муштараки худ, ки дар шаҳри Душанбе барпо шуд, қарордодҳои содиротӣ ба арзиши беш аз 82 миллион доллар имзо карданд.
Маркази тавсеаи сиёсати тиҷории « Қазтреид », ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тиҷорату ҳамгаройии Қазоқистону Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Тоҷикистон ин ҳамоиши тиҷориро созмондеҳӣ карда бо эъломи ин матлаб гуфт, ки потансиали тавлидкунандагони колои қазоқӣ имкони афзоиши қобили тавваҷуҳи ҳаҷми маҳсулоти фароваришударо фароҳам мекунад.
Барчасп