Сентябр 17, 2023 18:45 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Қирғизистон ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Сафири Қирғизистон дар Душанбе дар пайи изҳороти як мақоми баланди пояи ин кишвар дар мавриди масоили марзӣ ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эҳзор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон дар Душанбе ба вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эҳзор шуд.

Дар маҳали вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз изҳороти ахири як мақоми баландпояи тарафи қирғизӣ дар мавриди масоили марзӣ ибрози нигаронӣ ва таъкид шудааст, ки чунин изҳороте метавонад ба пешрафти раванди музокирот дар мавриди таҳдиди ҳудӯд ва таъйини марзи ду кишвару эътимоди мутақобил осеби ҷаиддӣ ворид кунад.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, ёдовар мешавем, ки ахиран муовини нахуствазир, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвоҳои ҳудудӣ даст кашанд.