Ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Иҷлоси рушди устувор
(last modified Wed, 20 Sep 2023 06:58:57 GMT )
Сентябр 20, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  •  Ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Иҷлоси рушди устувор

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Иҷлоси рушди устувор ширкат кард.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Иҷлоси Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси Ҳадафҳои рушди устувор оид ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти маблағгузорӣ, бартараф намудани  омилҳои таъсирбахши он ба рушди кишварҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи иҷлос суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зарур шумурданд, ки дар робита ба воқеияти феълии ҷаҳони муосир сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

“Давлатҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро роҳандозӣ намуда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то ки барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва ҷазиравӣҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад”, изҳор доштанд раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда ба мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имкониятҳои маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари равона намудани маблағҳои дохилӣ, фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад. Барои мусоидати фаъоли кишварҳо ҷиҳати рушд зарурати бештар намудани ҳаҷми кумакҳо муҳим аст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо, бо дарназардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем.

Паёмадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ва оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон андешидани тадбирҳои самарабахшро дар самти коҳиш додани таъсири ин омилҳо ва муттаҳидсозии кӯшишҳои кишварҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур шумурданд.