Суханронии раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт : Тоҷикистон шароити лозимро барои истифода аз зарфиятҳои логистикии худ аз ҷумла шаш пул дар марз барои идомаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон эҷод кардааст.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб дар суханронии худ дар ҳафтоду ҳаштумин иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид афзуд : Амният, субот ва ҳамкориҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ иртиботи мустақимӣ бо вазъияти Афғонистон дорад.
Вай изҳор кард: Афғонистон ҳануз бо вазъияти печидаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мувоҷеҳ аст.
Ӯ бори дигар аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, то мизони кумакҳои башардӯстона ба мардуми ранҷдидаи Афғонистонро афзоиш диҳанд.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон таъкид кард : Дар ин росто мо омодаи ҳамкории бештар бо шуракои байналмилалӣ ва соири тарафҳои манфиатдор ҳастем.
Ӯ идома дод : Мо ҳамчунон барқарории гуфтугуи байнулафғонӣ ва эҷоди як давлати воқеан фарогир бо мушорикати намояндагони ҳамаи мардум, миллату гуруҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро мабнои муҳимме барои дастёбӣ ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем.