Раҳмон: Мушорикати сиёсии ҳамаи қавмиятҳо заминасози суботи Афғонистон аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i107444-Раҳмон_Мушорикати_сиёсии_ҳамаи_қавмиятҳо_заминасози_суботи_Афғонистон_аст
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бо таъкид бар эҷоди давлати фарогир дар Афғонистон гуфт, мушорикати ҳамаи қавмиятҳо заминасози субот дар ин кишвар хоҳад шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 22, 2023 21:07 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бо таъкид бар эҷоди давлати фарогир дар Афғонистон гуфт, мушорикати ҳамаи қавмиятҳо заминасози субот дар ин кишвар хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал изҳор дошт, ки амнияту субот ва ҳамкории минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ ба вазъияти Афғонистон вобаста аст.