Раҳмон: Мушорикати сиёсии ҳамаи қавмиятҳо заминасози суботи Афғонистон аст
Сентябр 22, 2023 21:07 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бо таъкид бар эҷоди давлати фарогир дар Афғонистон гуфт, мушорикати ҳамаи қавмиятҳо заминасози субот дар ин кишвар хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал изҳор дошт, ки амнияту субот ва ҳамкории минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ ба вазъияти Афғонистон вобаста аст.