Сентябр 23, 2023 14:32 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти байналмиллалии ҷудуи Ҷоми раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

Мусобиқоти байналмиллалии ҷудуи Ҷоми раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, даҳумин давраи мусобиқоти байналмиллалии куштии Ҷоми раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 то 5 октябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баргузор мешавад.
Мусобиқот дар 7 вазни 60, 66 ,73 , 81 , 90 ,100 , 100 + килограм барои мардон ва дар 3 вазни 52 ,57 ва 63 дар бахши занон баргузор хоҳад шуд.
Варзишкорони кишварҳои хориҷӣ барои ширкат дар ин мусобиқот даъват шуданд.
Ба барандагон медалу ҷоизаҳои нақдӣ эҳдо хоҳад шуд.




 

 

Барчасп