Бардошти пахта аз заминҳои кишоварзии вилояти Суғд
(last modified Wed, 27 Sep 2023 08:03:05 GMT )
Сентябр 27, 2023 13:03 Asia/Dushanbe
  • Бардошти пахта аз заминҳои кишоварзии вилояти Суғд

Бардошти пахта аз заминҳои кишоварзии вилояти Суғд идома дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дар ноҳияи Мастчоҳ низ 10 дарсад аз маҳсӯли пахта ҷамъоварӣ шудааст. Масъӯлон Суғд мегӯянд, ки пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ токунӯн беш аз 3 ҳазор тон "тиллои сафед" ҷамъоварӣ карданд. Рӯзона ҳудӯди 2000 нафар дар вилояти Суғд дар ҷамъоварии пахта мушорикат доранд.

Барои эҷоди ангеза дар пахтакорон мусобиқае ҳам байни кишоварзони шаҳрҳо ва навоҳии минтақа баргузор мешавад.