Сентябр 29, 2023 20:23 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон
    Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Олмон бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Азия плюс”, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раиси ҷумҳурии Олмон ширкат ва заминаҳои ҳамкориро авлавиятбандӣ кард.

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Франк Волтер Штайнмайер, раиси ҷумҳурии Олмон дар мавриди густариши ҳамкориҳо гуфтугӯ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи гарми кишвари мизбон дар конфронси Осиёи Марказӣ ва Олмон ташаккур кард.

Дар ин дидор густариши равобити минтақаӣ ва дуҷониба дар заминаҳои тиҷориву иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши коло, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақаӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт.

Дар айни ҳол фаъолсозии ҳамкориҳои минтақаӣ дар ростои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи саноат, об, энержӣ, ҳамлу нақл, иртиботот ва гардишгарӣ зарурӣ талаққӣ шуд.

Мавзӯи афзоиши таҳдидҳову хатарот, аз ҷумла вазъияти Афғонистон низ аз меҳварҳои аслии ин нишаст буд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин дидор аз Франк Волтер Штайнмайер даъват кард то ба Тоҷикистон сафар кунад.

 

Барчасп