Бунёди 705 маркази саноатӣ то 3 соли оянда дар вилояти Суғд
(last modified Fri, 29 Sep 2023 16:04:47 GMT )
Сентябр 29, 2023 21:04 Asia/Dushanbe
  • Арзиши тавлидоти саноатӣ дар минтақаи Суғд ба 12 миллиарду 106 миллион сомонӣ расид
    Арзиши тавлидоти саноатӣ дар минтақаи Суғд ба 12 миллиарду 106 миллион сомонӣ расид

Дар се соли оянда 705 маркази саноатӣ дар вилояти Суғд эҳдос хоҳад шуд.

Бо эҳдоси ин теъдод корхона барои 14100 нафар фурсати шуғлӣ эҷод хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир 130 корхона ва бунгоҳи саноатӣ дар вилояти Суғд фаъол аст, ки 2685 нафар дар онҳо кор мекунанд.

Ҳамчунин дар нимаи аввали соли ҷорӣ арзиши тавлидоти саноатӣ дар минтақаи Суғд ба 12 миллиарду 106 миллион сомонӣ расида, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта бештар аст.

Дар ин муддат беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсул дар бунгоҳҳову коргоҳҳои ҷадид тавлид шуда, ки саҳми онҳо аз ҳаҷми кулли маҳсулоти саноатии кишвар 5 дарсад аст.