Октябр 02, 2023 12:18 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии қоиқрони тоҷик ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Осиёии Ҳанжоу
    Роҳёбии қоиқрони тоҷик ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Осиёии Ҳанжоу

Тоҷикистон дар риштаи қоиқронӣ бо ду варзишкор дар бозиҳои Осиёи Ҳанжоу ҳузӯр дошт, ки яке аз онҳо тавонист ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Шаҳриёр Даминов қоиқрон аз Тоҷикистон ба даври ниҳоии бозиҳои Осиёӣ роҳ ёфт.

Дар ин бахш ду нафар аз қоиқронҳои Тоҷикистон ба номҳои Шаҳриёр Даминов ва Абдусаттор Давлатов ҳузӯр доштанд, ки Даминов ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Мусобиқаи ин ду қоиқрон дар масофати 1000 метр баргузор шуд.

12-уми октябр танҳо намояндаи Тоҷикистон дар ин риштаи варзишӣ барои касби медал талош мекунад.