Имзои 3 санади ҳамкории байни ширкатҳои энергетикаи Тоҷикистон ва Аморат
(last modified Mon, 02 Oct 2023 13:54:20 GMT )
Октябр 02, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Имзои 3 санади ҳамкории байни ширкатҳои энергетикаи Тоҷикистон ва Аморат
    Имзои 3 санади ҳамкории байни ширкатҳои энергетикаи Тоҷикистон ва Аморат

Ширкатҳои энергетикаи Тоҷикистон ва Аморати Муттахидаи Арабӣ дар чорчуби ҳамоиши байналмилалии сармоягузори Душанбе-2023 се санади ҳамкори имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз  хабаргузории Форс дар душанбе дар чорчуби ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе дар соли 2023 ҷаласаи бо мавзуъи Тоҷикистони кишвари энергетикаи сабз ва мушорикати бахши хусусс дар рушди бахши энергетика баргузор шуд 

Дар ин иҷлос Далери Ҷумъа вазири энергетика ва манобеи обии Тоҷикистон Суҳайли Ал-Мазруи вазири энергетика ва зерсохти Аморати Муттахидаи Арабӣ ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони вазоратхона ва ниҳодҳои марбутаи ин кишвар ширкат карданд.

Дар ин нишасти ибтидо иттилоот дар мавриди фурсатҳои бахши энергетика дар Тоҷикистон ироа шуд ва сипас вазири энергетика зерсохти Аморати Муттахидаи Арабӣ зимни суханронӣ дар мавриди ҳамкорӣ ва рушди ин ҳавза омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкории бо Тоҷикистон дар заминаи тавсеаи бахши энергетика эълом кард .

Дар поёни ин ҷаласа 3 санади ҳамкор байни ширкатҳои энергетикаи Тоҷикистон ва Аморати Муттахидаи Арабӣ ба имзо расед.