Мақомоти Тоҷикистон: Манофеъи миллӣ меъёри тасмимгирӣ дар мавриди Афғонистон аст
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди иллати ҳимоят накардан аз баёнияи нишасти Қазон дар мавриди Афғонистон эълом кард, “Тоҷикистон дар масоили Афғонистон аз манфиатҳои миллӣ кор мегирад”.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ниҳоди дипломатии Тоҷикистон зимни эъломи ин матлаб аз изҳори назар дар мавриди суханони Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умӯри Афғонистон, ки пеш аз ин ҷузъиёти раванди музокирот дар мавриди баёнияи ниҳоии нишаст, аз ҷумла мавзеи тарафи тоҷик дар мавриди адами ҳимоят аз бархе мафоди ин санадро фош карда буд, худдорӣ кард.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон танҳо ба дипломати баландпояи рус тавсия кардааст, ки одоби дипломатиро риоят кунад.
Дар нишасти 29 сентябр намояндаҳои вижаи вазоратхонаҳои умӯри хориҷаи 15 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат ва вазъияти кунӯнӣ дар Афғонистон, мусолиҳаи байналафғонӣ, тазмини амнияти минтақаӣ ва бозсозии ин кишвар пас аз ҷангро баррасӣ карданд.
Афғонистонро дар ин нишаст Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи давлати Толибон намояндагӣ кард.