Октябр 10, 2023 18:05 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи сохтимонӣ бо ҳузури 5 кишвар
    Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи сохтимонӣ бо ҳузури 5 кишвар

Утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон эълом кард 12 то 14 октябри имсол дар шаҳри Душанбе як намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи сохтимонӣ бо мушорикати 5 кишвари хориҷӣ баргузор мешавад.

Утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт дар ин руйдоди намояндагон беш аз 80 ширкати сохтимонӣ аз кишварҳои Рӯсия, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Дар ин намоишгоҳи масолеҳи сохтимонӣ, таҷҳизот, абзор ва либосҳои хоси сохтимонӣ, таҷҳизоти муҳандисӣ ва иртиботот ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Бар асоси эъломи утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон намоишгоҳи байналмилалӣ "Тоҷибелад" ба бистарии густарда барои эҷоди иртибототи тиҷорӣ ва табодули таҷрибиёт бо намояндагони саноатии сохтимон табдил хоҳад шуд ки метавонад ба мушорикат ва ҳамкориҳои ҷадидии байни ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ кумак кунад.

Барчасп