Октябр 11, 2023 11:46 Asia/Dushanbe
  • Идомаи амалиёти таъйини ҳудӯди марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

Гурӯҳҳои тоҷик ва қирғиз ҳудӯди 43 километри дигар аз марзи муштарак байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро мушаххас карданд.

Ибҳом дар марзҳои муштарак, тақрибан тамомии кишварҳои ҷудо шуда аз Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистонро дучори ихтилоф кардааст. Ду кишвар, ки дар ду соли ахир чандин навбат дар манотиқи марзии даргир шудаанд, аз моҳҳо пеш амалиёти таъйини ҳудӯди марзҳоро оғоз кардаанд ва ин раванд ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон бар сари 43.32 километри дигари марзи муштарак ба тавофуқ расиданд.

Ин тавофуқ дар натиҷаи нишасти коргурӯҳҳои топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таҳдиду таъйини марзи давлатӣ, ки рӯзҳои 3 то 7 октябр дар Ботканд (Қирғизистон) баргузор шуд, ҳосил шуд.

Дар поёни ин нишаст протоколи марзи мушаххас шуда, имзо ва тарафайн дар мавриди идомаи амалиёти таъйини ҳудӯди марзӣ ва ҳамчунин баргузории нишасти оянда дар Тоҷикистон тавофуқ карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 980 километр марзи муштарак доранду музокира барои таъйини ҳудӯди марзиро аз декабри 2002 оғоз кардаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон токунӯн бар сари ҳудӯди ду сеюм кулли марзи муштарак ба тавофуқ расидаанд ва амалиёт барои мушаххас кардани ҳудӯди 400 километр дигар аз марзи байни ду кишвар идома дорад.

 

Барчасп