Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар мекунад
(last modified Thu, 12 Oct 2023 08:40:04 GMT )
Октябр 12, 2023 13:40 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар мекунад
    Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар мекунад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти сарони ИДМ ба Қирғизистон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз  хабаргузории Форс дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ ки 13 октябр дар Бишкек баргузор мешавад ба Қирғизистон сафар мекунад.

Сарони кишварҳои ИДМ дар нишасти ояндаи худ дар мавриди дастурикори густарда аз ҷумла дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ баҳсу табодул назар мекунанд.

Дар ҷараёни ин руйдод тасмимоти муҳимми бо ҳадафи густариши ҳамкориҳо дар чорчуби ИДМ дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ иттихоз хоҳад шуд.