Октябр 13, 2023 16:33 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи бузургдошти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон
    Рӯзи бузургдошти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон

Маросими бузургдошти рӯзи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо ҳузури сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ва шахсиятҳои адабиву фарҳангии Тоҷикистон дар маҳалли Сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин маросим сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ҷойгоҳи Ҳофизи Шерозӣ дар байни мардуми форсизабон истисноӣ аст.

Маросими бузургдошти рӯзи Хоҷа Ҳофиз бо ҳузури сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ва шахсиятҳои адабиву фарҳангии Тоҷикистон дар маҳалли Сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба муносибати 20 меҳр - Рӯзи бузургдошти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, шоиру орифи номдори эронӣ, маросими бошукуҳе бо ҳузури ҷамъе аз асҳоби фарҳангу адаб, шуаро, андешамандону фарҳехтагони эрониву тоҷикистонӣ дар маҳалли Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.

Дар ин маросим Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба вижагиҳои барҷастаи ин шоиру орифи номдори порсигӯ изҳор дошт, Хоҷаи Шерозӣ як сухандону суханвари бебадил аст, суханаш фавқи каломи махлуқу дуни каломи холиқ аст.

Сафири Эрон идома дод, ӯ шоиру ғазалсарои барҷаста ва орифи ҷалилулқадре аст, ки бо Қуръон маънус ва фиқҳу ҳадису калому тафсиру адаби форсиву арабиро омӯхта буд.

Ҳақиқиён афзуд, ҳазрати Ҳофиз ишқшиноси бузургу устоди ишқ аст. Ӯ ба ишқ варзидан шуҳраи шаҳр буд ва дар мактаби ӯ:

 

Оқилон нуқтаи паргори вуҷуданд, вале,

Ишқ донад, ки дар ин доира саргардонанд.

 

Дар идомаи маросим, фарҳехтагони тоҷик чун хонум Гулрухсор, шоираи миллии Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа, муовини Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Файзуллоҳ Баротзода, намояндаи Порлумон ва раиси гуруҳи дӯстии порлумонии Тоҷикистону Эрон, Кароматуллоҳ Олимов, Аскар Ҳаким, Рустам Ваҳҳобзода – аз шоирону фарҳехтагони тоҷик ва доктор Қиёматӣ ва доктор Хатибӣ, аз асотиди эронӣ дар шарҳи ҳоли Ҳофиз, шахсияти ин шоири буз,ург, вижагиҳои ноби ғазалиёту завоёи андешаи ирфониаш ба эроди сухан пардохтанд.

 

Барчасп