Ҷон бохтани 6 нафар дар минтақаи Суғд бар асари балоҳои табиӣ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд эълом кард дар нуҳ моҳи имсол 6 нафар дар ин минтақа ба далели балоҳои табиӣ ҷон бохтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Диловар Ҳамдамов- масъӯли расонаии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд гуфт, ки таи 9 моҳи соли ҷорӣ 7 балои табиӣ дар минтақа ба сабт расида, ки дар натиҷаи он 6 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Ӯ гуфт : Яке аз ин ҳаводиси ваҳшатнок резиши тарма дар ноҳияи Айнӣ буд ки дар натиҷаи он 5 нафар ҷон бохтанд ва як нафар захмӣ шуд.
Масъӯли расонаии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд афзуд : Як ҳодисаи маргбори дигар дар ноҳияи Деваштич рух додааст.
Бар асари бориши шадиди борону жола ва ҷорӣ шудани сел девори мактаби рақами 24 бар рӯйи як раҳгузари 21 сола фурӯ рехт ва боиси фавти вай шудааст.
Дар натиҷаи ин ҳаводис чандин бино вайрон ва киштзорҳо ғайри қобили истифода шуд ва чорвои бисёре аз мардум талаф шуд.
Бар асоси иттилооти масъӯлон маҷмӯи зарарҳои балоҳои табиӣ дар ин муддат 7.5 миллион сомонӣ баровард шудааст.