Таъкиди раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳо
Раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон бар афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва минтақаӣ таъкид карданд.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ) пас аз фурӯпошии Шуравӣ шакл гирифт. Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон аъзои ин иттиҳодия ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасте дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои ИДМ, зимни ибрози хурсандӣ аз раванди мусбати табодулоти тиҷорӣ аз имзои қарордодҳои тиҷорӣ, эҷоди машоғили муштарак дар қаламрави Тоҷикистон бо сармоягузории Русия ва ҳамкорӣ дар сохти пружаҳои саноатӣ истиқбол карданд.
Дар ин дидор ҳамчунин дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои бонкӣ, молӣ, энержӣ ва кишоварзӣ ва низ зарурати беҳбуди таъомули ниҳодҳои ду кишвар дар ҳавзаи муҳоҷирату гардишгарӣ, ройзанӣ шуд.
Баррасии масоили амниятӣ ва мавзуоти ҷории минтақа аз дигар меҳварҳои ин дидор буд.