Густраиши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Шветсария
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ва Швейтсария дар ин дидор ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ишора карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник ,Ҳокими Холиқзода,раиси Бонки миллии Тоҷикистон ,дар дидор бо Томас Ҷурдан,раиси Бонки миллии Швейтсария,мавзӯъи густариши бештари ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дод .
Ин нишаст дар ҳошияи нишасти солонаи сандӯқи байналмилалии пӯл ува гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Марокеш анҷом шуд .
Раиси кули Бонки миллӣ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз ҳамкориҳои муфид таъкид кард, ки равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодии рӯз ба рӯз дар ҳоли рушд аст .
Томас Ҷурдан ,раиси Бонки миллии Швейтсария низ бо ишора ба сатҳи хуби ҳамкориҳои дуҷониба,омодагии худро барои густариши бештари онҳо аз ҷумла дар ростои суботи системаи бонкии Тоҷикистон эълом кард