Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Кувайт бар тақвияти равобит дар ҳавзаи амният ва дифо
(last modified Mon, 16 Oct 2023 13:10:13 GMT )
Октябр 16, 2023 18:10 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Кувайт бар тақвияти равобит дар ҳавзаи амният ва дифо

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо муовини нахуствазир ва вазири дифои ин кишвар дидор ва дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи амнияту дифо табодул назар кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Аҳмад Фаҳд Ал Аҳмад Ал Сабоҳ, муовини нахуствазир, вазорати дифои ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дар мавриди ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар заминаҳои амниятӣ ва дифо табодули назар сӯрат гирифт.

Ду тараф дар идомаи ин дидор бар тақвияти равобити амниятӣ байни Тоҷикистону Кувайт таъкид карданд.

Равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Кувайт дар 31 марти 1995 барқарор шуд. Кувайт яке аз аввалин кишварҳое дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт.