Сурӯдаи шоири тоҷик дар ҳимоят аз мардуми мазлӯм ва сарбаланди Фаластин
Шоири хушноми тоҷик, сурӯдаеро дар васфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ, алайҳи мардуми мазлӯм ва сарбаланди Фаластин сурӯдааст.
Неруҳои муқовимати Фаластин дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо, аз рӯзи шанбе ҳафтуми октябр амалиёти ҳамаҷониба ва беназире бо номи «Тӯфони Ал Ақсо»-ро аз Ғазза зидди мавозеъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз кардаанд.
Шикасти фоҷеъабори саҳюнистҳо, ҳалокати садҳо саҳюнист ва аз даст додани бархе шаҳракҳо ва мақарҳои низомии Исроил, боис шуда сарони ин режими ишғолгар дар рӯзҳои ахир борҳо ғайринизомиёну мардуми бегуноҳи Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва бо муҳосираи ин шаҳр ҷинояти ҷангӣ муртакиб шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Аъзам Хуҷаста, шоири хушноми тоҷик, ҷиноёту ваҳшигарии режими ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлӯму сарбаланди Фаластин ба хусӯси Ғаззаро маҳкӯм карда ва дар ин мавриди шеъре бо унвони «Тӯдаи кафтори саҳюн дар Фаластин кӯдаконро мекушад» сурӯдааст.