Дастаи футболи « Хатлон » аз Лигаи олии Тоҷикистон канор рафт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i108218-Дастаи_футболи_Хатлон_аз_Лигаи_олии_Тоҷикистон_канор_рафт
Дастаи футболи « Хатлон » пас аз нокомии дигар аз Лигаи олии Тоҷикистон уфтод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 17, 2023 12:52 Asia/Dushanbe
  • Дастаи футболи « Хатлон » аз Лигаи олии Тоҷикистон канор рафт

Дастаи футболи « Хатлон » пас аз нокомии дигар аз Лигаи олии Тоҷикистон уфтод.

Дастаи « Хатлон » Бохтар дар охирин дидор ба масофи « Регар ТДАЗ »-и Турсунзода рафт.
Дар бозии даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистони байни тимҳои лигаи олӣ дар гуруҳи " б " дастаи" Хатлон " дар варзишгоҳи « Пахтакор » шаҳри Бохтар бо натиҷаи як бар сифр ноком шуд ва бахти мондан дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон аз даст дод.
Бошгоҳи футболи « Хатлон » Бохтар соли 1960 таъсис шуд.
Ин даста аз дастаҳои маърӯфу пурифтихори футболи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дастаи футболи Хатлон то кунун 3 бор қаҳрамони Тоҷикистон ва 2 бор қаҳрамони Ҷоми ҳазфии ин кишвар шудааст.