Октябр 18, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои низомиву дифоии Эрон ва Тоҷикистон
    Густариши ҳамкориҳои низомиву дифоии Эрон ва Тоҷикистон

Вазири дифои Ҷумҳурии исломии Эрон дар сафари расмӣ ба Тоҷикистон, бо раиси ҷумҳурии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Амири сартип Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон, ки ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор кард.

Тайи ин мулоқот мавзуоти марбут ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар заминаҳои амниятиву низомӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ду тараф бо тавваҷуҳ ба афзоиши таҳдидоти амниятӣ дар сутуҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ, бар лузуми таҳкими таомулот дар заминаи муқобила бо чолишҳои қарн монанди терроризм, ифротигароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ таъкид карданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири дифои Эрон аз густариши созукорҳои мавҷуди ҳамкорӣ ва иҷрои комили асноду тавофуқоти марбута ҳимоят карданд.

Шоёни зикр аст, ки амири сартип Муҳаммадризо Оштиёнӣ дирӯз дар дидори худ бо сипаҳбуд Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳадаф аз ҳамкориҳои низомиву дифоӣ бо Тоҷикистон, тақвияти бунияи дифоии ин кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабон аст.

 

Барчасп