Ирсоли 3000 тон кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Афғонистон
Тоҷикистон барои мардуми Афғонистон, ки аз зилзилаҳои ду ҳафтаи ахир осеб дидаанд, 3300 тон кумакҳои башардӯстона ирсол кард.
Ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон корвоне шомили 130 комюни ҳомили 3300 тон кумакҳои башардӯстона барои мардуми зилзилазадаи Афғонистон озими ин кишвар шуд.
Ин кумакҳои башардӯстона шомили либосу кафши зимистонӣ, курпа, рахти хоб, чодар, маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва соири ақломи зарурӣ аст.
Гуфта шудааст, ки ақломи маводи ғизоӣ шомили 200 тон орд, 50 тон шакар, 20 ҳазор литр равғани хурокӣ, 20 тон ҷав, 20 тон нахуд, 20 тон биринҷ ва ғайра аст.
Бинобар гузориши Созмони Милали Муттаҳид, зилзилаҳои моҳи октябр дар Афғонистон то кунун беш аз 1500 нафар куштаву 2000 нафар захмӣ барҷой гузоштааст. Дар маҷмуъ, беш аз 43 ҳазор нафар хисорот дида ва ва беш аз 3 ҳазору 330 манзил вайрон шудааст.
Бар асоси бароварди СММ, барои бозсозии манотиқи тахрибшудаи Афғонистон ба беш аз 93 миллион доллар ниёз аст.