Октябр 21, 2023 14:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар умӯри синамоӣ

Мудирони Донишгоҳи давлатии фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва муассисаи давлатии синамои Русия қарордоди ҳамкориро имзо карданд.

Муҳриддин Низомӣ-раиси Муассисаи давлатии фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ва Владимир Малишев-раиси Муассисаи давлатии синемои Русияи қарордоди ҳамкориро имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, тарафҳо иброз доштанд, ки барои омодасозии мутахассисон дар ҳавзаи фарҳангу ҳунар ва истифода аз таҷрибаи якдигар зарурӣ аст бар асоси тавофуқномаи ҳамкорӣ,сафарҳои кории устодони ду тараф ба муассисоти якдигар анҷом шавад.
Ҳамчунин тарафҳо дар хусӯси баргузории рӯйдодҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ, халлоқона, омӯзишу бозомӯзии кормандон ва ғайра тавофуқ карданд.
 

 

Барчасп