Баррасии чолишҳои тағироти обу ҳавоӣ дар конфаронси коҳиши балоҳои табиӣ
(last modified Sun, 22 Oct 2023 05:41:33 GMT )
Октябр 22, 2023 10:41 Asia/Dushanbe
  • Баррасии чолишҳои тағироти обу ҳавоӣ дар конфаронси коҳиши балоҳои табиӣ
    Баррасии чолишҳои тағироти обу ҳавоӣ дар конфаронси коҳиши балоҳои табиӣ

Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба обшавии пиряхҳо дар ҳудуди кишвар таваҷҷуҳ карду гуфт барои тамоми минтақа хатари ҷиддӣ дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник,

Рустам Назарзода, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар доираи конфронси коҳиши офатҳои табиӣ, ки бо ибтикори кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд изҳор дошт.

Тамоми ҷаҳон шоҳиди афзоиши якбораи ҳарорати ҳаво шудааст, ки дар тули тамоми таърихи мушоҳидаҳо ба сатҳи рекордӣ расидааст. Тибқи гузориши ахири созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, гармшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво дар Осиё аз руи меъёрҳои ҷаҳонӣ аз сатҳи миёна болотар аст.

Вай афзуд: Аз ҷумла сарзадани ярч, сухтор ва обхези ҳам ба мардум ва ҳам ба инфрасохтори кишвар таҳдид мекунад.

Назарзода ҳамчунин ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кард, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дорад.