Вуруди беш аз як миллионнафар хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли ҷории милодӣ
Гуфта мешавад, аз ин як миллионнафари хориҷии ворид шуда ба Тоҷикистон 80 дарсади онҳо сайёҳанд.
Бино ба навиштаи сомонаи Азия Плюс, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки 18% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.
Мутобиқи методологияи Созмонии ҷаҳонии сайёҳӣ, миёни онҳо 802,3 ҳазор нафари онҳо сайёҳон шуморида мешаванд.
Вуруди нисбатан зиёди хориҷиён ба ҷумҳурӣ аз кишварҳо дар тасвир ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба навиштаи манбаъ, дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, 2 млн 513,9 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда 23,9% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.