Таслими устуворномаи сафири Эрон ба раисиҷумҳури Тоҷикистон
Сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи маросиме устуворномаи худро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон таслим кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Алиризо Ҳақиқиён, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи маросиме устуворномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таслим кард.
Дар ин маросим ҳамчунин сафирони ҷадиди Туркманистон, Покистон, Олмон, Фаронса, Швейтсария, Муғулистон, Ветнам, Филипин ва Кореяи Ҷанӯбӣ низ устуворномаҳои худро тақдими раисиҷумҳури Тоҷикистон карданд.
Эмомалӣ Раҳмон тайи суханоне суфарои ҷадиди кишварҳои хориҷиро ба муносибати интисобашон табрик гуфту ибрози итминон кард, ки дар натиҷаи фаъолияти муассири онҳо равобити дӯстона байни ин кишварҳо ва Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф таҳким ва густариш хоҳад ёфт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки тавсеаи ҳамкориҳои сӯдманди дуҷониба ва чандҷониба бо кишварҳои ҷаҳон мабнои сиёсати хориҷии дарҳои бози ин кишварро ташкил медиҳад.
Вай ҳамчунин ба вуҷӯди зарфиятҳои лозим дар ҷиҳати таъмиқ ҳарчӣ бештари таъомулот дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркманистон, Покистон, Олмон, Фаронса, Швейтсария, Муғулистон, Ветнам, Филипин ва Кореяи Ҷанӯбӣ, ишора ва ба алоқамандии Тоҷикистон нисбати ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард.