Октябр 24, 2023 22:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Ютта Урпилайнен
    Дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Ютта Урпилайнен

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссари Иттиҳоди Аврупо заминаҳои густариши ҳамкориҳои байни ду тарафро баррасӣ карданд.

23 октябри соли 2023 дар ҳошияи баргузории нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Ютта Урпилайнен баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи ҳамкориҳоро матраҳ намуда, роҷеъ ба сатҳи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми тарҷеҳӣ аз афзалиятҳои гумрукии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ва Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта мубодилаи назар карданд.

Зимни баррасии ҳамкориҳои минтақаӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба зарфиятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ашёи хом ва захираҳои инсонӣ дархост намуд, ки омилҳои болозикр дар татбиқи ташаббуси “Дарвозаи глобалӣ”-и Иттиҳоди Аврупо ба инобат гирифта шаванд.

Барчасп