Бардошти 925 ҳазор тон маҳсӯлоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 25 Oct 2023 09:14:25 GMT )
Октябр 25, 2023 14:14 Asia/Dushanbe
  • Бардошти 925 ҳазор тон маҳсӯлоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Бар асоси эъломи вазорати кишоварзӣ дар Тоҷикистон 925 ҳазор тон маҳсӯлоти кишоварзӣ бардошт шуд.

Ҳамчунин вазорати кишоварзии Тоҷикистон гузориш дод, ки ғаллоти аз беш аз 301 ҳазор гектор бардошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳосили умумии ҷамъоваришуда ҳудуди 925 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 30,7 сентнерро ташкил медиҳад.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони қариб 212 ҳазор гектар кишти гандум гузаронида шуд, ки аз он ҳосили зиёда аз 211,8 ҳазор гектар куфта шуд.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, гандуми ҷамъоваришуда дар Тоҷикистон зиёда аз 704,3 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 33,2 сентнерро ташкил медиҳад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон инчунин рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳуриро тавзеҳ дод, ки ба далелил талаботи зиёд ба он "нони дуюм" номаш мебаранд.

Ин ниҳод гуфт, дар ҷумҳурӣ дар майдони умумӣ зиёда аз 33,5 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст, ки то ҳол ҳосили қариб 30,2 ҳазор гектари он ҷамъ оварда шудааст.