Cаргардонии 160 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Пулково
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10855
Иқдоми мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар робита ба мамнӯияти парвози чартерии ширкати ҳавоии “Уралские авиалинии” ба Душанбе боиси саргардонии 160 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Пулковаи Русия шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 31, 2016 10:34 Asia/Dushanbe
  • Cаргардонии 160 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Пулково

Иқдоми мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар робита ба мамнӯияти парвози чартерии ширкати ҳавоии “Уралские авиалинии” ба Душанбе боиси саргардонии 160 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Пулковаи Русия шуд.

Ба гузориши сойти “Азиа плюс”, дар идомаи ихтилофи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон мақомоти Тоҷикистон ширкати ҳавоии “Уралские аваиалинии” изоҷа надодаанд, то аз шаҳри Санкт-Петербург ба Душанбе парвози чартерӣ анҷом диҳад, ки ин масаъала сабаби саргардонии 160 мусофири шаҳри Душанбе дар фурудгоҳи Пулкова тайи ду рӯзи ахир шудааст. 

Манобеи Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба далели боло будани омори мусофирон қаблан ба ширкатҳои ҳавоии Русия муҷаввизи парвозҳои чартерӣ дода мешуд, аммо дар пайи ихтилофоти ба вуҷудомада ширкатҳои русӣ саъй мекунанд, ки бо поин овардани арзиши чиптаи ҳавопаймо теъдоди бештаре аз мусофирони тоҷикистониро ба парвоз бо ҳавопаймоҳои худ тарғиб кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи ахир дар пайи мамнӯъ шудани парвозҳои ширкати “Сомон эйр”-и Тоҷикистон аз сӯйи Русия ва бунбаст дар музокироти тарафҳои тоҷику рус мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон аз тасмими худ барои идомаи парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” ба Душанбе хабар дода буданд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон гуфта буд, ки бо ҳадафи рафтуомади коргарони муҳоҷири ин кишвар ба Русия тасмим гирифта шуд, ки парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” ба Душанбе барқарор бимонад.

Ба далели боло гирифтани ихтилофи Русия ва Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳои миёни Душанбе ва Маскав акнун ширкатҳои ҳавоии ду кишвар тасмим гирифтаанд , ки алайҳи якдигар ба додгоҳҳо шикоят кунанд.