Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Финляндия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i108574-Ройзании_мақомоти_Тоҷикистон_ва_Финляндия
Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Финляндия ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 30, 2023 09:49 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Финляндия

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Финляндия ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раёсати ҳайати тоҷик дар ин музокиротро Фарҳод Салим, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сарпарастии ҳайати Финляндияро Мария Лиивала, мудири кулли департаменти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии вазорати умури хориҷаи Финляндия бар ӯҳда доштанд.

Дар ин музокирот дар бораи густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона, илмӣ, омӯзишӣ  таъомул дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, ройзанӣ шуд.

Дутараф бар омодагӣ ва алоқаи мутақобил барои афзоиши равобити Финляндия ва Тоҷикистон таъкид карданд.