Декабр 31, 2016 10:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкид ба тақвияти ҳамкориҳои марзии Тоҷикистону Чин

Нишасти дурӯзаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои марзии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Душанбе бо имзои ёддошти сиёсӣ ба кори худ поён дод.

Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин нишаст ба раёсати Муҳаммадшариф Ҳақдод, муовини вазири умури хориҷии ин кишвар ва Чжоу Сзян, намояндаи Вазорати умури хориҷии Чин дар масоили марзҳо ва масоили баҳрӣ баргузор шуда, ду тараф бо интишори як ёддошти сиёсӣ ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд. Дар ин нишаст дар бораи иҷрои Созишномаи ҳамкориҳои марзии Тоҷикистону Чин, ки 15 июни соли 2012 миёни Душанбе ва Пекин ба имзо расида буд, баҳсу табодули назар шуд.

Тоҷикистону Чин наздик ба 495 километр марзи муштарак доранд, ки ин минтақаи марзӣ дар манотиқи кӯҳистонии вилояти Бадахшон ва вилояти Синкянги Уйғур воқеъ шудааст. Ягона гузаргоҳи марзии расмии ин ду кишвар дар қаламрави ноҳияи Мурғоб дар баландии 4 ҳазору 365 метр аз сатҳи баҳр фаъолият мекунад, ки дар фасли сармо ба далели бориши барфи зиёд дар рафтуомади васоили нақлия дар ин минтақа бо мушкил эҷод мешавад. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистону Чин бар сари аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар вилояти Бадахшон ва  вилояти Синкянги Уйғур ба тавофуқ расиданд ва бо вогузории 1 500 километри мураббаъ аз қаламрави ноҳияи Мурғоб ба Чин ба ихтилофи марзии боқимонда аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ поён доданд.

 

Барчасп