Дидори тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Урдун
(last modified Wed, 01 Nov 2023 09:35:47 GMT )
Ноябр 01, 2023 14:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Урдун

Замони баргузории дидори тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Урдун мушаххас шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Бозикунони тими миллии Тоҷикистон дар даври дувуми марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ дар моҳи ноябр бо Урдун бозӣ хоҳанд кард, ки ин дидор дар Душанбе баргузор мешавад.

Ин бозӣ аз соати 18 (16 ноябр) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бозикунони тими миллии Тоҷикистон дар даври дувуми марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ бо бозикунони Урдун бозӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин футболистҳои тоҷик 21ноябр, бо тими миллии Покистон дар Исломобод дидор хоҳанд кард.