Афзоиши захоири сӯхти табиии Тоҷикистон
(last modified Thu, 02 Nov 2023 05:20:04 GMT )
Ноябр 02, 2023 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ширкати маҳаллии “Сомон ойл” ва ширкати чинии CNPC ду ширкати муҷаввиздор дар амри истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҳастанд
    Ширкати маҳаллии “Сомон ойл” ва ширкати чинии CNPC ду ширкати муҷаввиздор дар амри истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҳастанд

Захоири сӯхти табиии Тоҷикистон, ки дар замони Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ 900 миллиард метри мукааб газ ва 150 миллион тон нафт баровард мешуд, афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, Шариф Худобахш, муовини вазири энержӣ ва манобеи обии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии нафту гази Туркманистон дар ин бора гуфт: Санъати нафту газ дар Тоҷикистон ба таври комил тавсеа наёфтааст, аммо бо дар назар гирифтани фурсатҳои мавҷуд, давлат дар ҳоли барқарории иртибот бо ширкатҳои пешрави нафту газ барои иктишофи манобеъ аст.

Шариф Худобахш афзуд, шуъбае аз як ширкати чинии истихроҷкунанда бар асоси қарордод дар кишвар оғоз ба кор мекунад.

Илҳомҷон Муҳаммадзода, раиси Идораи заминшиносии Тоҷикистон ҳам гуфт,  дар ҳоли ҳозир танҳо ду ширкат муҷаввизи анҷоми корҳои заминшиносӣ барои иктишофи нафту газро дар Тоҷикистон доранд.

Ширкати маҳаллии “Сомон ойл” ва ширкати чинии CNPC ду ширкати муҷаввиздор дар амри истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҳастанд.

Вай афзуд, Тоҷикистон беш аз 2500 миллион тон захоири нафту газ дорад.

Ӯ афзуд, то ба имрӯз танҳо 3 дарсад аз захоири Тоҷикистон кашф шудааст ва захоири бузурге кашфнашуда боқӣ мондааст .

Барои истихроҷи захоири нафту гази Тоҷикистон ниёз ба ҳаффории умқи зиёд аст.

Бар асоси иттилооти Идораи кулли заминшиносии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 24 майдони нафтӣ ва 14 майдони газӣ дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.

 

Бештар бихонед: