Ноябр 02, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
  • 75 дарсад аз нақшаи даъвати тирамоҳии сарбозӣ дар Тоҷикистон иҷро шудааст
    75 дарсад аз нақшаи даъвати тирамоҳии сарбозӣ дар Тоҷикистон иҷро шудааст

75 дарсад аз нақшаи даъвати тирамоҳии сарбозӣ дар Тоҷикистон иҷро шудааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар муддати як моҳ аз замони оғози иҷрои тарҳи даъвати тирамоҳии хидмати сарбозӣ, вилояти Хатлон то 79 дарсад ва Суғд 65 дарсад аз нақшаи даъватро иҷро кардаанд.

Дар шаҳри Душанбе то кунун фақат ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшаро ба таври комил иҷро кардааст.

То поёни октябр шаҳрҳову ноҳияҳои Носири Хусрав, Норак, Левакант, Данғара, Дӯстӣ, Роғун ва минтақаи Исмоили Сомонии пойтахт аз иҷрои комили нақша хабар додаанд.

Ҳамчунин дар аввалин рӯзи фарохон, Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор барои аввалин бор дар кишвар иҷрои комили ин нақшаро ба поён расониданд.

Дар ҳоли ҳозир бар асоси оморҳои мавҷуд даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати сарбозӣ бо тавваҷуҳ ба теъдоди зиёди ҷавонони довталаб бисёр хуб арзёбӣ мешавад.

Даъвати тирамоҳии ҷазби ҷавонони 18 то 27 сола барои узвият дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз аввали октябр оғоз шудааст ва то 30 ноябр идома дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп