Дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндаи баландпояи Чин
(last modified Thu, 02 Nov 2023 15:24:38 GMT )
Ноябр 02, 2023 20:24 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндаи баландпояи Чин

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо узви сиёсии Кумита марказии Ҳизби коммунисти Чин бар густариши ҳамкориҳо дар заминаи иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз ба вежа саноъати барқ ва зерсохтҳои он таъкид кард.

Иҷлоси комиссиюни  "Тоҷикстон ва минтақаи худмухтори Уйғури Чин" ва ҳамоиши тоҷирони ду кишвар имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

 Ба гузориши хабаргузории Форс, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Мо Шин Ҷои- узви сиёсии Кумита марказии Ҳизби коммунисти Чин ва дабири аввали кумитаи Ҳизб коммунисти минтақаи худмухтори Уйғур дар бораи масоили мухталифе аз ҷумла густариши равобит ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар чорчуби мушорикати ҷомеъи роҳбурдӣ ройзанӣ(машварат) шуд.

  Раиси ҷумҳури Тоҷикистон раванди ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноъат, нақлиёту боркашонӣ , энергӣ, башардӯстона, кишоварзӣ ва истифода аз фановариҳои рӯзро мусбат арзёбӣ ва барои густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлатӣ ва маҳофили тиҷории минтақаи Уйғури Чин ибрози алоқа кард.

 Ҳамчин ду тараф бар аҳамияти бозсозии посгоҳи Қулма-Қарасо барои эҷоди шароити мусоиди кашондани коло байни Тоҷикистон ва Чин таъкид карданд.