Афзоиши миқдори чорво ва тавлиди ширу гӯшт дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон миқдори чорво афзоиш ёфта ва дар натиҷа тавлиди ширу гӯшт низ нисбат ба соли гузашта бештар шудааст.
Ба гузориши Спутник, ин матлабро Шокир Назарзода-муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон дар "Ҷашнвора- намоишгоҳ ва фурӯши гови асил” дар Данғара баён кард.Вай гуфт: Соҳаи чорвопарварӣ яке аз ҳавзаҳои муҳим ва авлавиятдори кишоварзӣ аст.
Ба гуфтаи Назарзода ин бахш дар таъмини амнияти ғизоии кишвар аз ҷумла таъмини гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ва ҳамчунин маводи хом ҷойгоҳи вежае дорад.То аввалҳои октябри 2023 беш аз 2.6 миллион сар гов дар Тоҷикистон парвариш дода шудааст.Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 125 ҳазор сар афзоиш доштааст.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон теъдоди бузу гӯсфанди Тоҷикистонро 6.6 миллион сар тахмин зад, ки ин афзоиш беш аз 440 ҳазор сар буд.Теъдоди асбҳо ҳам дар марказҳои парвариши Тоҷикистон низ афзоиш ёфта ва ба 87 ҳазор сар расидааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи сол гузашта беш аз 2 ҳазор сар бештар аст.Мақомот ҳамчунин аз афзоиши тавлиди гӯшту шир хабар доданд. Ба вежа аз январ то сентябр беш аз 221 ҳазор тон гӯшт ва 688 ҳазор тон шир тавлид шуд.