Ноябр 07, 2023 11:43 Asia/Dushanbe
  • Лигаи қаҳрамонони Осиё: имрӯз, Истиқлоли Тоҷикистон-Персполиси Эрон

Персполиси Эрон дар даври баргашти мусобиқоти Лигаи қаҳрамонони Осиё имрӯз меҳмони тим(даста)и Истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе аст ва дар сурати пирӯзӣ дар ин мусобиқа гоми бузурге барои суъуд аз гурӯҳ бармедорад.

 Истиқлоли Тоҷикистон як имтиёз аз Аддуҳайли Қатар гирифта ва дар қаъри ҷадвал аст ва агар дар ин дидор бозанда шавад, амалан шансе барои суъуд нахоҳад дошт.

Соати бозии Персполис ва Истиқлоли Тоҷикистон 17:30 ба вақти Эрон хоҳад буд.

 Пеш аз ин унвон шуда буд,ки масоф ду тим аз соати 17: 30 дақиқаи он рӯз ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад, вале дар охирин эълом сурат гирифта, соати баргузории мусобиқа 19 ба вақти шаҳри Дшанбе хоҳад буд.

Истиқлоли Тоҷикистон дар бозии рафт дар дақиқа 3 мусобиқа соҳиби пеналти шуд, ки Алиризо Бейронванд ин зарбаро маҳор кард, аммо дар нишасти хабарии баъд аз мусобиқа сармураббии тим ба персполисиҳо ваъда дод, ки мунтазири онҳо дар шаҳри Душанбе ҳастанд!

 Мушкили аслии Персполиси Эрон вируси сармохӯрдагӣ ва зуком аст,ки чанд бозикуни ин тимро даргир кардааст. Бо ин ҳол гумон аст ки Истиқлоли сурхпуш битавонад монеъи пирӯзии Персполис шавад.

 Аз сӯеи дигар агар Аддуҳайл муқобили Аннасри Арабистон имтиёз бигирад Персполис мумкин аст ҳатто шанси садрнишинӣ дар ин гурӯҳи душворро ҳам пайдо кунад, албатта ба шарте, ки фардо пирӯз шавад.

 Вазъияти Ваҳиди Амирӣ ҳам барои ҳузур дар майдон мушаххас нест; ӯ ба далели масдумият муддатҳост аз таркиби Персполис  дур аст. Ваҳдат Ҳаннонов ҳам ба кишвари зодгоҳаш бармегардад ва мумкин аст дубора дар таркиби тим қарор бигирад.

Персполис дар Лигаи бартари Эрон дар сонияҳои охир муқобили Санъати нафти Ободони 10 нафара се имтиёзро аз даст дод ва натавонист аз садди ин тим бигузарад ва барои дувумин мартабаи паёпай дар Лига бартар ба тасовӣ ризоят дод. Ҳоло шогирдони Гулмуҳаммадӣ бо ду мусовӣ қадам ба Лигаи қаҳрамонони Осиё гузоштаанд.

 

Барчасп