Такзиби овозаҳои марбут ба эъзоми дипломати гурӯҳи Толибон ба Тоҷикистон
Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон мегӯяд, намояндаи ин кишвар дар Тоҷикистон аст ва овозаҳои марбут ба эъзоми як дипломати гурӯҳи Толибон ба Тоҷикистонро такзиб кард.
Ӯ номаеро, ки дар бархе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мабни бар интисоби фарде аз сӯи Толибон дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистонро ғайри воқеӣ хонд.
Дар ин номаи мунташир шуда, эълом шуда, ки фарде ба номи Файзуллоҳ ба унвони муншии аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шуда ва зоҳиран нома ба имзои Амирхон Муттакӣ, вазири умӯри хориҷаи давлати Толибон расидааст.
Худ мақомоти Толибон ҳанӯз ба таври расмӣ дар ин маврид изҳори назар накардаанд.
Зоҳир Ағбар гуфт, ки бо он нома коре надорад ва намедонад куҷо ва чӣ гуна дар бархе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мунташир шудааст, ӯ номаро дар ҳузури хабарнигорон пора кард.
Мақомҳои Тоҷикистон токунӯн дар мавриди таъйин ё вуруди ин дипломати Толибон ба ин кишвар, иттилооте ироа накардаанд.