Ноябр 08, 2023 13:48 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Додситони Тоҷикистон ва Чин дар мавриди истирдоди муҷримон

Мақомоти Додситони Тоҷикистону Чин дар мавриди истирдоди муҷримон ба тавофуқ расиданд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кули Тоҷикистон бо Ин Юн, додситони кулли Чин дидор кард.

Дар ин дидор, тарафайн дар бораи тақвияти фаъолиятҳо барои мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, ҷароими сойберӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷароими созмонёфта фаромилӣ ва ҳамчунин масоили амниятӣ баҳсу табодули назар карданд.

Юсуф Раҳмон ва Ин Юн  дар мавриди истирдоди муҷримон, ироаи кумакҳои ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ва соири кумакҳои мутақобил тавофуқ карданд.

Тарафайн бар аҳаммияти густариши ҳамкориҳои наздик байни ниҳодҳои зирабт барои ҳифзи ҳуқуқи тарафайн барои ҳалли ин масоил таъкид карданд.

 

Барчасп