Ноябр 08, 2023 15:22 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ барномаҳои сафар ба Тоҷикистон ва Узбекистонро ташреҳ кард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ташреҳи барномаҳои сафар ба Тоҷикистон ва Узбекистон гуфт, дар сиёсати хориҷии давлати Эрон иртибот бо кишварҳои ҳамсоя, мусулмон ва ҳамсӯ аввлавият дорад.

Ба гузориши ИРНА, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе пеш аз азимат ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Меҳробод дар ташреҳи барномаҳои сафари худ афзуд: Осиёи Марказӣ аз кишварҳое аст, ки зарфияти бисёр қобили таваҷҷӯҳе дар он вуҷӯд дорад ва иртиботи Эрон бо ин кишварҳо ва тавсеаи равобит дар дастури кори давлат қарор дорад.

Вай бо баёни инки баъд аз сафари Тоҷикистон ба Узбекистон хоҳад рафт, тасреҳ кард: Меҳвари гуфтугӯ бо сарони кишварҳо дар иҷлоси ЭКО, Ғазза аст, чаро ки ҳамаи мардуми дунё бо ҳар гӯиш, дин ва мазҳаб нигарони вазъияти мардуми ин минтақа ҳастанд.

Раисӣ афзуд, равобити Эрон бо Тоҷикистон, ки ба даъвати раисиҷумҳури ин кишвар анҷом мешавад дар ростои тақвияти равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва равобити фарҳангӣ байни ду кишвар аст.

Ба гуфтаи Раисӣ асноде дар сафар ба Тоҷикистон имзо хоҳад шуд, ки дар ҷиҳати тавсеа ва тақвияти равобит байни ду кишвар аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо баёни инки сафар ба Тошканд ба даъвати раиси Ҷумҳурии Узбекистон анҷом мешавад, ки раёсати давраии Созмони ҳамкориҳои ЭКО-ро ба ӯҳда дорад, афзуд: Дар ин нишаст пайванди иқтисодӣ байни аъзои ЭКО, масъалаи меҳварӣ аст, ки дар идомаи иҷлоси қаблии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ хоҳад буд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати расмӣ « Эмомалӣ раҳмон » раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони субҳи имрӯз ( чаҳоршанбе ) озими шаҳри душанбеи пойтахти ин кишвар шуд .

 

Барчасп