Лағви раводид ( виза ) барои 30 рӯз миёни Эрон ва Тоҷикистон
Ноябр 09, 2023 12:57 Asia/Dushanbe
Лағви раводид ( виза ) барои 30 рӯз миёни Эрон ва Тоҷикистонро вазирони умӯри хориҷаи ду кишвар имзо карданд
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ; дар дидори Сайид Иброҳми Раисӣ, раиси Ҷумҳӯрии Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикистон як баёнияи муштарак ва 18 санаду тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ мунъақид гардид.
Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон бар афзоиши теъдоди парвозҳо байни ду кишвар ва осони дар низоми рафт ва омад барои густариши ҳамкориҳо дар бахши гардишгарӣ таъкид дошт.
Тафоҳумномаи лағви раводид ( виза ) барои 30 рӯз ба имзои вазирони умӯри хориҷаи ду кишвар расид.
Барчасп