Дидори мақомоти аршади амниятии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе
(last modified Fri, 10 Nov 2023 15:14:08 GMT )
Ноябр 10, 2023 20:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти аршади амниятии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе

Дар дидори дабирони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон масоили марбут ба амнияти марзҳои ин кишвар бо Афғонистон баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин мулоқот ду тараф чашмандози ҳамкорӣ дар заминаи амниятиро баррасӣ ва ба иқдомот дар заминаи муқобила бо терроризм ва таҳдидоти биологӣ тавваҷуҳи вижа карданд.

Дар ҷараёни ин дидор барномаи ҳамкорӣ байни дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Русия ва Тоҷикистон то соли 2025 ба имзо расид.

Дар ҳамин ҳол, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) зимни суханоне дар ёздаҳумин нишасти дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви ИДМ нисбат ба таҳдидоти мавҷуд дар марзҳои ҷанубии СПАД ибрози нигаронӣ кард.

Бинобар суханони вай, нуфузи аносири террористиву ифротӣ на танҳо бо вазъияти бисёр душвори Афғонистон, балки бо бесуботӣ дар манотиқи марзии ин кишвар муртабит аст.

Ба гуфтаи дабири кулли СПАД ин масаъла такмили фаврии пружаи ҳадафманди барномаи байнидавлатии СПАД дар ҷиҳати тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро таъйид мекунад.