Ноябр 12, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Риёз
    Сафари Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Риёз

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба Риёз бо намояндагони сандуқи рушди Арабистон дар бораи пешрафти тарҳҳои бузурги барқи обӣ дар Тоҷикистон ба вижаи неругоҳи барқи обии Роғун гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти изтирории сарони кишварҳои созмони ҳамкории исломӣ дар Риёз бо султон Абдурраҳмони Алморшоли раиси сандуқи рушди Арабистони Саъудӣ дидор кард.

Дар ин нишасти тарафайн вазъияти феълии ҳамкорӣ бо сандуқи рушди Арабистонро мавриди арзёбӣ қарор доданд ва ҳамчунин бар лузуми тадовуми он барои таъмини молии тарҳҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон таъкид карданд.

Ҳамчунин дар ин мулоқоти мушорикати сандуқи рушди Арабистони Саъудӣ дар иҷрои тарҳҳои бузурги барқи обӣ дар Тоҷикистон ба вижаи неругоҳи барқи обии Роғун ҳимоят ва кумак дар таъмини молии сохт он мавриди ишора қарор гирифт.

Тоҷикистон ва сандӯқи рушди Арабистони Саъудӣ ҳамчунин дар сохт тасҳилоти иҷтимоӣ дар заминаҳои омузишӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Илова бар ин тарафайн омодагии худро барои идомаи мушорикат дар ҳавзаҳои авлавиятдори иқтисоди миллӣ аз ҷумлаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва корофарини эълом карданд.

Барчасп